Вся информация об инновациях Республики Таджикистан на нашем национальном Интернет-портале
  • ГЛОБАЛЬНЫЙ ИННОВАЦИОННЫЙ ФОРУМ
  • ВСЕМИРНЫЙ МЕДИЦИНСКИЙ ИННОВАЦИОННЫЙ ФОРУМ 2018
  • ФОРУМ ИННОВАЦИОННЫХ ФИНАНСОВЫХ ТЕХНОЛОГИЙ
  • I МЕЖДУНАРОДНЫЙ ПРОФЕССИОНАЛЬНЫЙ ФОРУМ «СОВРЕМЕННЫЕ ТЕХНОЛОГИИ СКОРИНГА»
  • Международный выставочный портал
  • IV МЕЖДУНАРОДНЫЙ КОНФЕРЕНЦИЯ «БЕЗОПАСНОСТЬ И ЗАЩИТА БИЗНЕСА. ИННОВАЦИИ 2018»
  • MACHINE LEARNING IN HEALTHCARE
  • INNOVATING THROUGH BLOCKCHAIN 2018


«Маркази ҷумҳуриявии тиббию - генетикӣ» яке аз дастовардҳои соҳаи тибби кишвар аст.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар ин замина мутобиқ гардонидани хизматрасонии соҳаи тибби кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо кушиш ва заҳматҳои давлату ҳукумати кишвар давра ба давра дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён меояд.

 

 

 

«Маркази ҷумҳуриявии тиббию - генетикӣ» яке аз дастовардҳои соҳаи тибби кишвар аст.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар ин замина мутобиқ гардонидани хизматрасонии соҳаи тибби кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо кушиш ва заҳматҳои давлату ҳукумати кишвар давра ба давра дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён меояд. Ба фаъолият шуруъ намудани марказҳои саломативу тандурустӣ, ифтитоҳи бунгоҳҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муоссир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустӣ ва омода намудани мутахасисони соҳавӣ тадбирҳои амалии давлату ҳукумат дар ин самт дониста мешавад. Ба фаъолият шурӯъ намудани МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» дар пойтахти кишвар, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ба пешрафти соҳаи тиб такони ҷиддӣ ба миён гузошт. Мақсади асосии ташкили МД «Маркази Ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ», ин коҳиш додани яке аз нишондиҳандаҳои демографӣ – фавти перинаталӣ аз ҳисоби нуқсонҳои дохилибатнии тифл ва бемориҳои гению хромосомӣ мебошад.

Фаъолияти маркази генетикӣ ба якчанд самт равона гардидааст аз ҷумла:

• Дарёфти гурӯҳи хавфи нуқсонҳои дохилибатни хангоми ҳомиладорӣ;

• Омузиши анамнези занони ҳомиладор бо натиҷаҳои мусбии скрининги фаросавтӣ ва биохимиявӣ;

• Ошкор намудани гурӯҳҳои анамнезиаворизноки акушерӣ ва генетикӣ дошта (дорои тифли маъюб, бемориҳои гению хромосомӣ);

• Ошкор намудани оилахои барандаи беморихои гению хромосомӣ;

• Ташхиси бемориҳои гению хромосомӣ;

• Гузаронидани дастамалҳои инвазивӣ ва ғайринвазивӣ барои муайян намудани омили ҷойдорӣ ва ё инкор кардани раванди патологӣ.

 Дар МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ»  фаъолияти якчанд  шуъба   ба роҳ монда шудааст:

1. Шуъбаи ташхиси молекулярӣ-генетикӣ;

2. Шуъбаи ташхиси ситологӣ;

3.Шуъбаи таҳлилҳои иммунологӣ;

4.Шуъбаи ташхиси пренаталӣ; (ташхиси фаросавтӣ аз руи барномаи OB-smart, NT-smart; дастамалҳои инвазивӣ -амниотсентез)

5.Шуъбаи мушварати генетикӣ ва мониторинги нуксонҳои дохилибатнии тифл;

Маврид ба таъкид аст, ки МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» бо тадсгоҳу лавозимот ва таҷҳизоти замонавиву муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гародонида шуда қисме аз онҳо дар кишвар беназиранд.

Дар МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ»  фаъолияти дастгоҳи фаросавтии MindreyDCN3, бо барномаҳои OB-smart ва NT-scan, ки барои дарёфт кардани нишондиҳандаҳои бемориҳои гению хромосомӣ ва нуқсонҳои дохилибатнӣ тарҳрезӣ карда шудаанд.

 Дастгохи «Иммулайт» 1000 – анализатори иммуноферментӣ– барои таҳлил намудани маркерҳои бемориҳои гению хромосомии ҷанин дар хуни зани ҳомиладор, таҳлили хормонҳо, онкомаркерҳо истифода карда мешавад.

Дастгоҳи «Секвенатор» 3500 – анализатори генӣ барои муайян кардани тағирот дар сохтори занҷираҳои нуклеотидӣ истифода шуда, бо ёрии он ташхиси бемориҳои гению хромосомӣ ва таҳлили муаян кардани падарӣ гузаронида мешавад. Дастгоҳи «Секвенатор» 3500 – ин ягона дастгоҳи муосир ва технологияи баланди озмоишидошта дар сатҳи ҷумҳурӣ ба хисоб меравад. Барномаи «PRISCA – Prenatal Risk Calculation» барои муайян кардани бемориҳои хромосомӣ тарҳрезӣ карда шуда, ҳангоми ба он ворид кардани натиҷаҳои дар рафти скрининги фаросавтию биохимиявӣ ба даст овардашуда, хавфи бемориҳои хромосомӣ ба таври автоматӣ ҳисоб карда мешаванд.

Спермоанализатор «FW -3702»  дастгоҳи муосири ташхисӣ мебошад, ки нисбати дигар усулҳои ташхисии нутфа бартариятҳои зиёд дорад.

 Айни ҳол МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» лоиҳаи вориднамудани скрининги неонаталӣ, скрининги бемориҳои саратониро тарҳрезӣ намуда, пайи амалигардонии он кушиш ба харҷ дода истодааст. Инчунин бо мақсади коҳиш додани бемориҳои гению хромосомӣ ва паст кардани тавлиди тифлони маъюб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумхурӣ кушодани филлиалҳо ва ҳуҷраҳои генетикӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное