Июн 2018

18 Июн 2018

Татбиқи лоиҳаҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳристон

Барои дар амал татбиқ гардониданӣ, барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ  дар  ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2016-2020 дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардида, аз 96 лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба маблағи 61496,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар ноҳияи Шаҳристон ба ҳолати 01.04.2018 сол  18 адад лоиҳаҳо ба маблағи 19236,6 ҳазор сомонӣ, аз он 3 адад дар соҳаҳои иқтисодӣ, 12 адад дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва 3 адад лоиҳаҳо дар соҳаи инфрасохтор пурра ва барзиёд иҷро гардида, 54 лоиҳаҳо ба маблағи 13839,0 ҳазор сомонӣ мавриди амал қарор доранд. Аз он ҷумла, дар соҳаи иқтисодиёт 15  лоиҳа,  дар соҳаи иҷтимоӣ  8 лоиҳа, дар соҳаи инфрасохтор 19 лоиҳа, дар соҳаҳои экология ва ҳолатҳои фавқулодда 10 лоиҳа ва дар соҳаи таъминоти захиравӣ 2 лоиҳа  татбиқ гардида истодааст.

Читать далее

Лоиҳа барои барқарорсозии системаи обтаъминкунии ноҳияи Шаҳристон

Барои  амали гардони  лоиҳаҳо дар ноҳияи Шаҳристон  бо ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба татбиқ намудани Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон марҳилаи -2» ба имзо расидааст. Маблағи умумии лоиҳа барои лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии ноҳияи Шаҳристон маблағ ба миқдори 3,6 млн доллари ИМА ҷудо гардида, аз он 1,7 млн доллари ИМА маблағҳои қарзӣ ва 1,9 млн доллари ИМА маблағҳои грантиро ташкил медиҳад. Дар соли 2017 Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон марҳилаи -2» оғоз гардида, бо ширкати пудратии ҶДММ «Сохтмон»-и ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 1763,79 ҳазор доллари ИМА ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ бо маром идома ёфта истодааст.

Читать далее

06 Июн 2018

Табибон барқарор намудани ҳуҷайраҳои асабро омӯхтанд

“Ҳуҷайраҳои асаб барқарор намешаванд”. Ин ақида дар байни аҳолӣ хеле маъмул аст, вале гуфтан мумкин нест, ки он 100 % дуруст аст. Кайҳо исбот шудааст, ки агар ба мағзи ҳуҷайраи асаб зиён нарасад, шохчаҳои (аксонҳои) онро пурра барқарор кардан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, тадқиқоти нави олимони Донишгоҳи Шеффилд (Британия Кабир) кор карда баромадани усули нави тӣаъсирбахши барқарорсозии ҳуҷайраҳои бофтаи асабро имкон дод, ки метавонад бисер одамонро аз фалаҷи пойҳо наҷот диҳад. ...(давом)

Читать далее

Якӯм дар ҷаҳон дорувори нимсара (мигрен) ба тасвиб расид – вай гаронбаҳост

FDA якӯм доруворро, ки махсусан барои пешгирии нимсара кор карда баромада шудааст, ба тасвиб расонд. Дорувор, ки аксаран ба эътибор гирифта намешавад, дар бораи пайдоиши усулҳои нави табобати ин ҳолати бемадоркунанда хабардор мекунад, савол ба миён меояд, ки чанд нафари гирифтори бемории нимсара истифодаи онро ба худ иҷозат дода метавонанд. Дорувор бо номи Aimovig бо ҳамкории муштараки ширкатҳои Amgen ва Novartis кор карда баромада шудааст....(давом)

Читать далее

Технологияи шинохтани симоҳо ҳар 30 сония мактаббачагони чиниро месанҷад

Ба назар мерасад, ки Чин имрӯз пешрави сайёра аст, агар дар бораи пайгирии шаҳрвандони худ сӯҳбат кунем. Ба наздикӣ, мо дар бораи датчикҳои махсусе, ки аз болои кайфияти кормандон дар корхонаҳо назорат мекунанд, нақл карда будем. Имрӯз бошад дар бораи технологияҳои шинохтани симоҳо, ки дар Ханчжоу барои пайгирии хонандагони синфҳои болоии мактаб истифода мешаванд, нақл мекунем.....(давом)

Читать далее

Дар Британияи Кабир барои дар соҳаи ҳарбӣ татбиқ намудани зеҳни сунъӣ марказ кушода мешавад

То вақтҳои охир зеҳни сунъӣ танҳо дар ҷанбаҳои тадқиқотӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи мо истифода мешуд. Аммо ҳоло хеле зиёд дар бораи дар соҳаи ҳарбӣ татбиқ намудани ЗС сухан меронанд. Мисол, ҳукумати Британия Кабир дар бораи кушодани маркази коркардабароиҳои ҳарбӣ, ки дар он нақши калидиро маҳз ақли сунъӣ мебозад, хабар дод.....(давом)

Читать далее

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳо. Навъи нави картошкаи “Академияи илмҳо-1” (АИ-1) ба роҳ мондааст.

Навъи нави картошкаи “АИ-1”. Навъ дар натиҷаи дурагакунии намунаҳои селексионии картошка гибриди F1 (SEDAFINxYY.3), ки аз Маркази умумиҷаҳонии картошка (СИП, Перу) ва бо роҳи тез зиёд намудан бо истифодаи усулои биотехнологғ дар шароити озмоишгоҳ ва дар ќисмати баландкӯҳи дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ба даст оварда шуд. Навъ миёнќад мебошад, дарозии пояи ин навъ ба 60 -70 см расида, сербарг аст, баргҳои калон дорад, ранги баргаш сабзи баланд мебошад. Давраи гулафшониаш он ќадар давомнок набуда, ранги гулаш бунафш аст. Ғӯрабандиаш кам ва ғӯраҳои ҳаҷман хурд дорад. Лӯндаҳояш сурхи баланд, шакли кулӯла дошта, хуштаъманд. Чашмакҳои лӯндаҳо на он ќадар чуќур буда, рангашон бунафш аст. Навъ тезпаз буда, давомнокии давраи нумӯаш 80-90- рӯзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 9-12 лӯнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 50-80 г аст. Ҳосилнокии навъ 30–35 тонна мерасад ва навъи стандартии Кардиналро то 15-20% мегузарад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурӯғӣ тобоварии саҳроӣ зоҳир менамояд. Афзалият, натиҷаҳои самаранокӣ: Ҳосилнокии навъи картошкаи АИ-1 ба 25-40% баланд (ба 350-450 с/га) бо муќоиса бо навъи минтаќабобшудаи картошкаи навъи “Кардинал”.

Читать далее

Ориёнбонк системаи ягонаи хизматрасонии бонкиро ба роҳ мондааст

ҶСК «Ориёнбонк» барномаи тамоман нав ва технологии пешқадамро дар асоси манбаи автоматии низоми бонкии Oracle FLEXCUBE Universal Banking System аз истеҳсолкунандаи байналмилалии Oracle Корпоратион таъмини барномаи низоми бонкиро ворид намуд.

Читать далее

Ихтироъкорони навраси Вилояти Суғд мукофотҳои пулӣ мегиранд

Дар вилояти Суғд, ба ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони наврас аз 2000 то 7000 сомонӣ мукофоти пулӣ хоҳанд гирифт.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное