Новости об инновациях



Оғози фаъолияти навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, ба истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгуи маҳсулот истеҳсол менамояд.Хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳҳову таҷҳизоти корхона аз Олмон дастрасу насб гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон карда шавад.Дар ҷамъият ду навъи маҳсулот - маводҳои басту банди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ дар асоси коркарди саноатии пахта истеҳсол гардида, тибқи таҳлили мутахассисон айни замон талабот ба чунин навъи маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ зиёд аст. Корхона дар як шабонарӯз имконият дорад, ки 2 ҳазор килограм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашударо омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.Ҳамзамон барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳои пахтагӣ, чубчаҳои пахтагӣ, салфеткаҳои пахтагӣ ва инчунин аз омехтаи пахта ва маводҳои сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда шудааст.Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” асосан пахтаи пастсифатро коркард карда, бидуни истифодаи хлор тариқи техналогияи муосир аз он пахтаи гиграскопии сафедкардашуда ва дигар номгуи маҳсулоти тиббӣ омода менамояд. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, гузашта аз ин тавлиди ин навъи маҳсулот дар кишвар роҳандозӣ нагардида буд.Маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид ва тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа ба стандартҳои ҷории тиббӣ ҷавобгӯ набуд. Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгуи маҳсулот ба пурагӣ аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” қонеъ карда мешавад. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ - пахта фаъолият намуда, дар марҳилаи аввал дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни Наврӯз боз 50 нафари дигар дар сехи дузандагии корхона соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.Корхонаи навтаъсис бидуни партов фаъолият намуда, пасмондаҳои маҳсулот барои духтани курпа, курпача, ҷома ва дигар номгуи сару либос ба занони хонашини соҳибҳунар тақсим карда мешавад, ки аз ин ҳисоб онҳо даромад ба даст меоранд.Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” аз биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати наздик ба 4000 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд.Пас аз ифтитоҳи навбати аввали корхона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс” санги асос гузоштанд.Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур барои истеҳсоли докаи тиббӣ ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ пешбинӣ гардида, дар сурати бунёди он боз 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад. Тибқи иттилои масъулин давоми 8 моҳ, марҳилаи дуюуми корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба истифода дода шуд, ки ин иқдом дар оянда барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард.Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ корхона дар оянда имконият дорад, то 3 миллион метри мураббаъ докаи тиббӣ, 10 миллион адад маҳсулоти алоҳидаи бастубандшудаи бинт, салфетка ва уребчаву маҳсулоти гигиенӣ истеҳсол намояд.Зимни шиносоӣ Пешвои миллат сохтмончиёну масъулинро барои иҷрои саривақтии корҳо ваваслу насби хатҳои муосири истеҳсолӣ вазифадор намуда, ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ барои ободу зебо нигоҳ доштани гирду атроф дарахтони ҳамешасабзу соядиҳанда ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.Пешвои миллат ба масъулин барои рушди истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное